Соли 2015 маблағи умумии кумаки бисёрҷонибаи башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти дар ин робита интишорнамудаи сафорати Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Русия ҳадафнок маблағгузорӣ мешаванд, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, «натанҳо ба беҳбуди ҳаёти шаҳрвандони ҶТ мусоидат мкунанд, балки бозгӯи хусусияти стратегӣ доштани муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон низ мебошанд».
Гуфта мешавад, шурӯъ аз соли 2006 ҳамасола ҳам аз ҷониби вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои Русия ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои ҳақмузди сарпарастии Русия ба фондҳои муассисаҳои махсуси СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон кумаки башардустона фиристода мешавад.
Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 дар мавриди кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон Русия ба сегонаи кишварҳои пешсаф дохил аст, ки маблағи умумии кумак зиёда аз 3 млн. доллари ИМА ё худ 12,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба Олмон – 23,3%, Нидерланд – 9,7%, Чин – 8,9%, Дания – 7,4%, ИМА – 7,1% ва Амороти Муттаҳидаи Араб – 5,1% ҳисса рост меояд.





