Аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ дар СИЗО-и Вазорати адлия

Ҳамаи 13 нафар аъзои маҳкумшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО)-и КДАМ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронида шуданд. Муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит, ки ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудаанд, то охири умр дар ҳуҷраи махсуси барои ин гуна маҳбусон пешбинишудаи Вазорати адлия қарор хоҳанд […]

ASIA-Plus



Ҳамаи 13 нафар аъзои маҳкумшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО)-и КДАМ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит, ки ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудаанд, то охири умр дар ҳуҷраи махсуси барои ин гуна маҳбусон пешбинишудаи Вазорати адлия қарор хоҳанд дошт.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки адвокат Ҷамшед Ёров рӯзи 14 июн барои вохӯрӣ бо М.Ҳайит аз Суди олӣ иҷозатнома гирифта, вале адвокатро ба вохӯрӣ роҳ надодаву гуфтаанд, ки барои ин ҳеҷ зарурате ҷой надорад.

«Намояндагони тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия ҳамчунин гуфтаанд, М.Ҳайит аллакай бо ҳукми Суди олӣ шинос шуда,рӯзи 10 июн аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст», – гуфт С.Ҷӯраева бо такя ба суханони адвокат.

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ 

ҳукм содир намуда

, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.