Мусоидати БҶ ва Ҷопон ба таҳкими имконоти КҲФ

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва сафорати Ҷопон дар Тоҷикистион дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хоакин Торро масоили омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими имконоти мавҷудаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Маркази […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва сафорати Ҷопон дар Тоҷикистион дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хоакин Торро масоили омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими имконоти мавҷудаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Маркази наҷотбахшии КҲФ, таъсис ва муҷаҳҳаз гардонидани Марказҳои идоракунии вазъҳои фавқулодаа дар шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин пешниҳодҳои Кумита доир ба тақвияти минбаъдаи фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо кордори муваққатии Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ҷонибҳо механизмҳои оғози амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон «Таҳкими имконоти коҳиши хатари офатҳо ва аксуламал дар Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ бо дипломати Ҷопон ҳамчунин атрофи масъалаи дар заминаи Маркази таълимиву методии КҲФ таъсис додани Маркази байнулмилалии омодагӣ ва бозомӯзими кормандони сохторҳои дахлдори Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.