Игор Черевченко: Сафар ба Душанбе бароям махсус аст

Зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Черевченко дар мусоҳиба ба хадамоти матбуоти дастааш изҳор намудааст, ки дар бозӣ бо «Истиқлол»-и Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон «Локомотив» ба силсилаи бозиҳои санҷишӣ оғоз мебахшад. – Дар давраи тобистонии байни мавсимҳо мо ҳарифонро бо назардошти дар моҳҳои июн-июл баргузор намудани машқҳои таълимиву тамринӣ дар Маскав интихоб кардем. […]

ASIA-Plus



Зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Черевченко дар мусоҳиба ба хадамоти матбуоти дастааш изҳор намудааст, ки дар бозӣ бо «Истиқлол»-и Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон «Локомотив» ба силсилаи бозиҳои санҷишӣ оғоз мебахшад.

– Дар давраи тобистонии байни мавсимҳо мо ҳарифонро бо назардошти дар моҳҳои июн-июл баргузор намудани машқҳои таълимиву тамринӣ дар Маскав интихоб кардем. Дар ҳамин ҳол, мо аз Душанбе доир ба вохӯрӣ бо рақиби арзанда ва дар фазои идонаву дӯстона баргузор кардани бозӣ даъватнома гирифтем. Сафар кӯтоҳмуҳлат буда, он ҷо моро ҳам мухлисону ҳам кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон ва ҳам бозигарони дастаи «Истиқлол» хеле интизоранд. Албатта, барои ман сафар ба шаҳри Душанбе махсус аст, зеро ман дар ин шаҳр ба дунё омадаву ба воя расидаам ва ба футбол машғул шуда будам, – овардааст гуфтаҳои сармураббиро хадамоти матбуоти дастаи «Локомотив».

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон

рӯзи 26 июн

миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.