Иҷозаи нигаҳдории аслиҳа ба обуҳавошиносон



Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун ««Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» имрӯз аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон дастгирӣ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала директори Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҳомидҷон Расулзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйирот, ба обуҳавошиносони Тоҷикистон, ки дар шароити кӯҳсору биёбон ва саҳро фаъолият мекунанд, минбаъд нигаҳдорӣ ва бо худ доштани аслиҳаи оташфишони таъиноти ғайринизомӣ, яъне милтиқҳо иҷозат дода мешавад,

Ба гуфтаи Расулзода, обуҳавошиносон силоҳро ҳангоми ҳамлаи имконпазири ҳайвони дарранда истифода бурда метавонанд.

Зимнан зикр гардид, ки замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ низ барои обуҳавошиносон чунин иҷозат амал мекард.

spot_imgspot_img

Популярное