Боздошти 2 тоҷикистонӣ дар Литва бо 12 кило героин

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Вилнюс ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Бино ба иттилои торнамои l24.lt -и Литва, аз боздоштшудагон беш аз 12 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст, ки нархи яклухти он дар бозор ба беш аз 400 ҳазор евро баробар аст. Гуфта […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Вилнюс ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Бино ба иттилои торнамои

l24.lt

-и Литва, аз боздоштшудагон беш аз 12 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст, ки нархи яклухти он дар бозор ба беш аз 400 ҳазор евро баробар аст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба харидории автомашинаҳо дар Литва ва сипас интиқол додани онҳо ба кишварҳои ИДМ машғул буда, маводи мухаддир дар пинҳонгоҳҳои автомашинаҳо дарёфт шудааст. Онҳо шаби 14 июн дар шоҳроҳи автомобилии Каунас-Вилнюс дастгир шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин амалиёт дар се шаҳр  – Вилнюс, Каунас ва Мариямпол сурат гирифта, айни замон боздоштшудагон таҳти ҳабс қарор доранд ва афзудани шумори боздоштшудагон аз рӯи ин ҳодиса аз эҳтимол дур нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.