BMW- и тоҷики бекорро дар Маскав рабуданд

Як зодаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки автомашинаашро мефурӯшад, вале ба доми харидорони фиребгар меафтад. Шаҳрванди 29-солаи бекори Тоҷикистон ба шуъбаи навбатдории ВКД Русия дар шаҳри Маскав муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки соатҳои 21-00-и шаб дар кӯчаи Витебская ӯ автомашинаи тамғаи BMW (арзишаш 2,5 млн. рубл)-ро бо мақсади фурӯш ба ду ҷавон нишон медиҳад. Бино ба […]

ASIA-Plus



Як зодаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки автомашинаашро мефурӯшад, вале ба доми харидорони фиребгар меафтад.

Шаҳрванди 29-солаи бекори Тоҷикистон ба шуъбаи навбатдории ВКД Русия дар шаҳри Маскав муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки соатҳои 21-00-и шаб дар кӯчаи Витебская ӯ автомашинаи тамғаи BMW (арзишаш 2,5 млн. рубл)-ро бо мақсади фурӯш ба ду ҷавон нишон медиҳад.

Бино ба

иттилои

Life, зимни азназаргузаронии автомашина харидорон аз дастрасии озод ба он истифода карда, ба мошин менинишинанд ва онро ба самти номаълум меронанд. Кормандони пулис баъди як соат автомашинаро дар ҳамон ноҳия  дарёфт карда, вале мусофирони он аллакай ғайб зада буданд.

Гуфта мешавад, айни замон мақомоти пулис аз рӯи аломатҳои нишондодаи симои зоҳирии дуздон ин шахсонро ҷустуҷӯ дошта, аз рӯи ин далел санҷиш ҷараён дорад ва аз рӯи натиҷаҳои он парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.