Ҳамкориҳои муштараки ВКД Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз бо командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковник Денис Лямин дидору гуфтушунид карда, зимни вохӯрӣ масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир зикр кардааст, ки вазифаи мақомоти корҳои […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз бо командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковник Денис Лямин дидору гуфтушунид карда, зимни вохӯрӣ масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир зикр кардааст, ки вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомотҳо муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир иборат мебошад.

Денис Лямин дар навбати худ изҳор намудааст, ки пойгоҳ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон аз он ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҳамкориҳои дуҷониба ва судмандро роҳандозӣ намудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори боварӣ намудаанд.

Қайд мешавад, ки ҳайати шахсии Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия зимни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки 12-уми майи соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ба ҷамоати деҳоти Зайнабободу шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ хисороти зиёде расонида буд, саҳми арзанда гузошта, ба воситаи автомашинаҳои обкашонӣ ва мотопомпаҳои обкаш обу лойи ҷамъшудаи дохили манзилҳои истиқоматӣ, таҳхона, ҳавлӣ, кӯчаю роҳравҳо, мактаб, идораи ҷамоат ва мағозаю нуқтаҳои савдоро кашида, дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мардуми зарардида ёрии амалии худро расонида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.