Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Вилнюс ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Бино ба иттилои торнамои
l24.lt
-и Литва, аз боздоштшудагон беш аз 12 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст, ки нархи яклухти он дар бозор ба беш аз 400 ҳазор евро баробар аст.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба харидории автомашинаҳо дар Литва ва сипас интиқол додани онҳо ба кишварҳои ИДМ машғул буда, маводи мухаддир дар пинҳонгоҳҳои автомашинаҳо дарёфт шудааст. Онҳо шаби 14 июн дар шоҳроҳи автомобилии Каунас-Вилнюс дастгир шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин амалиёт дар се шаҳр – Вилнюс, Каунас ва Мариямпол сурат гирифта, айни замон боздоштшудагон таҳти ҳабс қарор доранд ва афзудани шумори боздоштшудагон аз рӯи ин ҳодиса аз эҳтимол дур нест.





