Ҳамкориҳои муштараки ВКД Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз бо командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковник Денис Лямин дидору гуфтушунид карда, зимни вохӯрӣ масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир зикр кардааст, ки вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомотҳо муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир иборат мебошад.

Денис Лямин дар навбати худ изҳор намудааст, ки пойгоҳ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон аз он ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҳамкориҳои дуҷониба ва судмандро роҳандозӣ намудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори боварӣ намудаанд.

Қайд мешавад, ки ҳайати шахсии Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия зимни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки 12-уми майи соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ба ҷамоати деҳоти Зайнабободу шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ хисороти зиёде расонида буд, саҳми арзанда гузошта, ба воситаи автомашинаҳои обкашонӣ ва мотопомпаҳои обкаш обу лойи ҷамъшудаи дохили манзилҳои истиқоматӣ, таҳхона, ҳавлӣ, кӯчаю роҳравҳо, мактаб, идораи ҷамоат ва мағозаю нуқтаҳои савдоро кашида, дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мардуми зарардида ёрии амалии худро расонида буданд.

spot_imgspot_img

Популярное