Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба итмом расида, иштирокдорони ҷаласа рӯзномаи нишасти ҷашнии Созмонро, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, мувофиқа карданд.
Ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамчунин корҳо рӯйи лоиҳаҳои баёнияи 15-солагии СҲШ дар Тошканд ва барномаи 5-солаи амалисозии Стратегияи СҲШ то соли 2025, Изҳороти иттилоотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа ва дигар асноди марбут ба тавсеъаи Созмонро низ ба анҷом расониданд.
Дар доираи нишасти СҲШ дар Тошканд қабули беш аз 10 санади муштарак дар назар буда, ғайр аз ин, дар нишаст масоили тавсеъаи Созмон ва ба узвияти комилҳуқуқ пазируфтани Покистону Ҳиндустон ба СҲШ баррасӣ мешаванд.
Дар нишасти СҲШ дар Тошканд сарони кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.





