Ҷинояткорони дар хориҷи кишвар паноҳбурдаро ғоибона суд мекунанд



Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дастгирӣ кард, ки онҳо ба таҷрибаи дар Тоҷикистон истифода кардан аз содир шудани ҳукмҳои ғоибона нисбати ҷинояткорони махсусан вазнин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дахл дорад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки то имрӯз ихтилофҳои дар қонунгузорӣ ҷойдошта ба содир кардани ҳукми ғоибона нисбати шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста шуда, дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, имкон намедоданд. «Баъди қабули тағйирот, бидуни иштироки гумонбаршудагон баргузор кардани мурофиаҳои судӣ ва содир намудани ҳукми ғоибона нисбати онҳо имконпазир мегардад», – гуфт прокурори генералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, агар пас аз содир шудани ҳукми ғоибона шахси айбдоршаванда ба Тоҷикистон баргардад, мақомоти судӣ уҳдадоранд, ки аз нав парвандаро бо иштироки ӯ бозбинӣ кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки чунин таҷриба дар Русия, Қазоқистон ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон амал мекунад. «Дар сурати дар толори суд ҳузур надоштани айбдоршаванда ё гумонбаршуда, судяҳо адвокати ӯро таъин намуда, маблағи хизматгузории ӯ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ пардохт мешавад», – таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

spot_imgspot_img

Популярное