Роҳбари ширкати «Нур»: Ҳасан Асадуллозода тиҷорати маро азхуд накардааст

Директори генералии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» Нурулло Усмонов маълумоти ғасби тиҷораташро аз ҷониби роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода рад кард. Дар раддияи рӯзи 30 июн интишоршудаи Н.Усмонов қайд мешавад, ки дар торнамои «ЦентрАзия.ру» маводи муаалифе бо номи Шамшод Фазуллозода таҳти унвони « Далеко пойдем Тадж-товарищи! » чоп шудааст, ки дар он додарарӯси президент Ҳасан […]

ASIA-Plus



Директори генералии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» Нурулло Усмонов маълумоти ғасби тиҷораташро аз ҷониби роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода рад кард.

Дар раддияи рӯзи 30 июн интишоршудаи Н.Усмонов қайд мешавад, ки дар торнамои «ЦентрАзия.ру» маводи муаалифе бо номи Шамшод Фазуллозода таҳти унвони «

Далеко пойдем Тадж-товарищи!

» чоп шудааст, ки дар он додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода ба ғасби тиҷорати даҳҳо соҳибкорони маъруфи тоҷик мутттаҳам карда мешавад.

«Танҳо давоми ним соли ҷорӣ Ҳ.Асадуллозода тиҷорати 15 нафар соҳибкорони маъруфро азхуд карда, чанде аз онҳо таҳти фишори муҷозоти ҷисмонӣ маҷбур шуданд, ки бо оилаҳояшон ба хориҷи кишвар фирор намоянд», – меорад пораеро аз маводи Файзуллозода роҳбари ширкати «Нур».

Дар мақола барои намуна собиқ роҳбари намояндагии «Тоҷик Эйр» дар Олмон Шералӣ Носиров, машғул ба фаъолият дар тиҷорати сохтмон ва Нурулло Усмонов ҳамчун роҳбари ширкати «Нур», ки «молики шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ ва маҷмааи меҳмонхонаҳо дар Душанбе аст…», мисол оварда мешавад.

«Фаҳмо нест, ки чаро муаллиф аз ҷумла маро интихоб кардааст, ки дар кишвари худ тиҷоратамро осудаҳолонаву мваффақона пеш мебарам. Мо бо раиси Шӯрои мудирони «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода муносибати хубу нек дорем. Ӯ ҳеҷ гоҳ садди роҳи пешравии тиҷорати ман нашудааст, баръакс дар ҳалли мушкилоти пайдошуда мусоидат мекунад», – менависад дар раддияи худ Н.Усмонов.

Роҳбари ширкати «Нур» ҳамчунин маълумоти дар ихтиёр доштани якчанд маҷмааҳои меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистонро низ рад мекунад ва изҳор медорад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба сохтмони меҳмонхонаҳо машғул нашудаву ба ин соҳаи тиҷорат таваҷҷуҳе ҳам надорад.

«Таваҷҷуҳи мақсаднок ба шахсияти ман ба сифати гӯё ҷабрдида, коштани тухми нифоқу адоват миёни ман ва Асадуллозода аст, ки ин метод нав нест ва аз он маъмулан касоне истифода мекунанд, ки ҳарду ҷонибро хуш надоранд. Замоне атрофи мо шахсе буд, ки моро ҷанг андохтанӣ буд, вале он замон ақли солим боло гирифт. Он замон мо ҳарду ниятҳои нопокро эҳсос карда, ба ҳамааш сарфаҳм рафтем ва гузашта аз ин шарик ҳам шудем», – мегӯяд Н.Усмонов.

Дар идомаи раддия зикр мегардад, ки: «Шояд акнун ин иттиҳоду дӯстии мо шахсеро ором намегузорад, ки ба ҷойи хизмат ба ватан тарки онро афзал донист? Аз нигоҳи ахлоқӣ ному насаби ӯро ин ҷо овардан лозим намедонам. Барои хиёнат мо кайҳо ӯро аз сафи дӯстон хориҷ кардаем, аммо ӯ ва афроди ба ӯ монанд ҳеҷ гоҳ аз ҳангомасозиву дасисабофӣ ва ба ин васила тухми адоват коштан миёни одамон даст намекашанд. Ин барои онҳо аллакай як одати маъмулие шудааст», – қайд кардааст дар фарҷом Нурулло Усмонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио