Маводи парвандаи ҷиноӣ оид ба дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи интиқоли нафти Куйбишев – Брянск, ки бо марги 5 шаҳрвнади Тоҷикистон анҷом пазируфт, ба суд фиристода шуд.
Бино ба
маълумоти
сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Орёл, дар робита ба куштор, ҳамчунин корношоям сохтани лӯлаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва дуздӣ ду нафар сокинони маҳаллӣ – Аҳмед Аҳмедов ва Беҳрӯз Саидов гумонбар дониста мешаванд.
Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки моҳи июли соли 2015 Аҳмедов барои кандани нақб бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи интиқоли нафт Саидов ва боз 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро киро карда будааст. Сабаби марги мардикоронро мақомот ба нафасгир шудан аз дуди газ дар зери замин ҳангоми кандани нақб нисбат додаанд.
Саидов Аҳмедовро аз ин ҳодиса огоҳ намуда, сипас онҳо ҷасадҳоро бо автомашина ба вилоятҳои Маскаву Тула мебаранд. Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд.
Баъдан онҳо ба вилояти Орёл омада, ба фаъолияти ҷинояткоронаи худ идома медиҳанд ва дар ҳамон ҷо нақб канда, ба маблаги беш аз 9 ҳазор рубл сӯзишвории дизелӣ медузданд. Нимаи дуюми моҳи июли соли 2015
хадамоти матбуоти
Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар вилояти Маскави Русия гумонбар дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон
боздошт шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳамаи ҳалокшудагон – Хуршед Ёрматови 27-сола ва Самандар Халифаеви 26-сола (ҳарду сокини ноҳияи Ҳамадонӣ), Солеҳҷон Дилшодови 33-сола (сокини ноҳияи Қумсангир), Фирдавс Нодирови 35-сола (сокини ноҳияи Данғара) ва Шаҳром Набиеви 27-сола шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.





