Сомонӣ нисбати доллару евро ва рубл беш аз 12% беқурб шуд

Нимсолаи аввали соли равон қурби арзи милллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА 12,5 поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати 31 декабри соли 2015 қурби 1 доллари ИМА ба 6.9902 сомонӣ баробар буда, рӯзи охири моҳи июни соли ҷорӣ қурби 1 доллари ИМА – 7.8680 сомониро ташкил медиҳад. Қобили зикр […]

ASIA-Plus



Нимсолаи аввали соли равон қурби арзи милллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА 12,5 поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати 31 декабри соли 2015 қурби 1 доллари ИМА ба 6.9902 сомонӣ баробар буда, рӯзи охири моҳи июни соли ҷорӣ қурби 1 доллари ИМА – 7.8680 сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки поинравии назарраси қурби сомонӣ нисбати доллар моҳи январи соли равон сабт шуда буд, ки қариб 12,2%-ро ташкил дода буд. Давоми моҳи феврал қурби сомонӣ нисбати доллар ҳамагӣ ба андозаи 0,3% – аз 7.8424 сомонӣ то ба 7.8696 сомонӣ коҳиш ёфта, тайи моҳҳои минбаъда қурби сомонӣ нисбати доллар ҳатто каме боло рафт – ба андозаи 0.0016 сомонӣ (0,12%).

Дар ҳамин ҳол, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати евро ба андозаи 14,3% – аз 7.6389 барои 1 евро то ба 8.7335 сомонӣ поин рафт. Дар ин давра қурби сомонӣ нисбати рубл 15,7% – аз 0.1031 сомонӣ барои 1 рубл дар охири моҳи декабри соли гузашта то ба 0.1193 сомонӣ ахири моҳи июни соли равон коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти БМТ, соли гузашта қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА ба андозаи 31,7% – аз 5.3074 сомонӣ то ба 6.9902 сомонӣ поин рафтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.