Боздошти тоҷикистониён дар Маскав ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ



Кормандони мақомоти пулис се зодаи Тоҷикистонро ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ дар Маскав боздошт намуданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар нақлиёти Ҳавзаи марказии федералии Русия, тибқи маълумоти пешакӣ, ба онҳо муяссар шудааст, ки беш аз 150 адад пулҳои қалбакиро тариқи терминалҳои пардохт ба маблағи умумии 144 ҳазор рубл истифода кунанд.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи «Тайёр кардан, нигаҳдорӣ, интиқол ё муомилоти пулҳои қалбакӣ ё коғазҳои қиматнок» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба гуноҳашон иқрор шуда, тафтишот муайян кардааст, ки пулҳои мусодирашуда ба Бонки Русия тааллуқ надоранд ва дар онҳо аломатҳои сохтакорӣ ба мушоҳида мерасанд.

spot_imgspot_img

Популярное