Брифинги фиристодаи вежаи президенти Тоҷикистон дар Ню-Йорк

Бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ 8 июли соли 2016 дар бинои Намояндагӣ дар ш. Ню-Йорк брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ 8 июли соли 2016 дар бинои Намояндагӣ дар ш. Ню-Йорк брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур Намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонга, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), Фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.

Брифингро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ифтитоҳ намуда, Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон/Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба Ҳамоиши болозикр расонида,  изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард. С. Раҳимзода инчунин ба тамоми саволҳо ва пешниҳодҳои ҷамъомадагон посух дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.