Президенти Қирғизистон муносибаташ бо Э.Раҳмонро хеле дӯстона арзёбӣ кард



Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев имрӯз аз сафири навтаъини Тоҷикистон дар ин кишвар Суҳроб Олимзода эътимоднома қабул кард.

Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, Атамбоев қайд кардааст, ки Тоҷикистон давлати дӯсту ҳамҷавор буда, мардуми ҳарду кишвар мазҳабу таърих ва марзҳои умумӣ доранд.

«Муносибати ман бо президенти Тоҷикистон хеле дӯстонаву самимӣ аст ва бовар дорам, ки сафири нав дар самти ҳаллу фасли масоили миёни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба фаъолона саҳм хоҳад гузошт», – гуфтааст А.Атамбоев.

Ёдрас мекунем, ки Суҳроб Олимзода бо фармони президент санаи 18 май сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин шуд. То ин вазифа ба ҳайси роҳбари Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият дошт.

spot_imgspot_img

Популярное