Дилшод Назаров – парчамбардори Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи КМОТ, барпо гардид, гирифта шуд. Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи […]

Иттилоияи расмӣ


Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик,


парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд.

Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи КМОТ, барпо гардид, гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМОТ беҳтарин варзишгарон

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

(гуштии ҷудо) ва

Анвар Юнусов

(бокс) – барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо ҷоизаи молии ҶДММ “Ғаюр”, сарпарасти кулли КМОТ, мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро ба ҳарду раҳбари ин ҷамъият

Акбар Ғуломов,

ки ҳамзамон ноиби президенти КМО ҶТ мебошад, супурд. 

Дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияти КМОТ дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016  натиҷагирӣ шуд.

Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Баҳрулло Раҷабалиев

 ҳисобот дод. Вай гуфт, ки то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.

“Ба ҷуз гурзандоз 

Дилшод Назаров,

паҳлавонони тоҷик 

Комроншоҳи Устопириён 

ва 

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 

дар риштаи ҷудо, муштзан

 Анвар Юнусов, 

шиноварон

Анастасия Тюрина

ва

Олим Қурбонов,

даванда

Кристина Пронженко

дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд”, – иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер