Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону НАТО

Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ахири ҳафтаи сипаришуда бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел, Эркинхон Раҳматуллозода ба сифати намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди НАТО ба дабири куллли Созмон эътимодномаҳои худро супурда, «паёму дурудҳои Президенти Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ахири ҳафтаи сипаришуда бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел, Эркинхон Раҳматуллозода ба сифати намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди НАТО ба дабири куллли Созмон эътимодномаҳои худро супурда, «паёму дурудҳои Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба Столтенберг расонид.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону НАТО, аз ҷумла мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, таҳкими амнияти марзҳо, беҳбуди ҳамоҳангсозии талошҳо зидди қочоқи маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар самти безараргардонии минаҳо, тарҳрезии вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулода ва кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи илмии Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Йенс Стобенбрег барои паёму дуруди самимонаи сарвари давлати Тоҷикистон ба сафир миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки дар доираи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ», ки Тоҷикистон узви он аст, ба кумаку муосидат дар бахшҳои ҳамоҳангшуда омода аст.

Зикр мегардад, ки дар робита ба натиҷаҳои ҳосилшуда аз нишасти чанде қабли НАТО дар Варшава, ки дар он масъалаи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд, дабири кулли НАТО ва сафири Тоҷикистон бори дигар зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи хеле муҳим барои минтақаро таъкид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.