Ҳудуди 2,8 млрд. $ ММД-и Тоҷикистон дар соли равон



Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 21 млрд. 979,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,6% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16,8% – ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рост меояд.

Дар сохтори ММД ҳиссаи саноат бо шумули энергетика – 16%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 13,4% ва андозҳо – 13,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи сохтмон аз 12,6%-и соли гузашта то 11,5% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.

spot_imgspot_img

Популярное