Иштироки футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми «Роҳи Абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) дар Чин ба касби зинаи дуюм шарафёб гардид, дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа аз 7 то 13 август дар […]

ASIA-Plus



Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми «Роҳи Абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) дар Чин ба касби зинаи дуюм шарафёб гардид, дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа аз 7 то 13 август дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон доир гардида, дар он мунтахаби футболи наврасони кишварҳои Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва 2 даста аз Қазоқистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон муддати 9 сол аст, ки пайдарпай баргузор мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато гузаронида мешуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 10 ҳазор доллар, дастаи зинаи дуюм – бо 6 ҳазор доллар ва дастаи мақоми сеюм – бо 4 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.