Эрдуғон дар Туркия вазъи фавқулода эълон кард

ASIA-Plus



Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки дар кишвар ба муддати се моҳ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад.

Нашрияи интернетии Meduza бо истинод ба Associated Press дар ин робита

менависад

, зарурати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодаро президент муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳо ба демократияи Туркия унвон карда, изҳор доштааст, ки ин иқдом ба маҳдуд сохтани «озодиҳои заминавӣ» нигаронида нашудааст.

Дар муқаррароти вазъи фавқулода дар Туркия аз ҷумла маҳдудиятҳо дар озодии ҳаракату равуо, баргузории маҷлису чорабиниҳои оммавӣ, роҳандозии соати комендантӣ, таваққуфи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Конститутсияи Туркия, Шӯрои амнияти миллӣ ба муҳлати на бештар аз 6 моҳ метавонад дар кишвар вазъи фавқулода эълон намояд. Ҷорӣ шудани вазъи фавқулода бояд аз ҷониби парлумон тасдиқ карда шавад, ки барои бекор кардани он низ ҳуқуқ дорад. Ҳангоми вазъи фавқулода ҳукумат вобаста ба вазъ дар кишвар қарорҳое қабул карда метавонад, ки ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҳодиса 

бо пахши маълумоти расмӣ

изҳор намуд, ки миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Дар доираи таҳкими тадбирҳои амниятӣ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар 

таҳти посбонӣ гирифтани ҳарими ҳавоии Туркия

 дастур дод.

Кордори муваққатии Туркия дар Тоҷикистон Озкан Гултекин дар мавриди ин масъала ба «Азия-Плюс»

изҳор дошта буд

, ки гурӯҳи ошӯбгароне, ки шаби 15 июл ба табаддулоти давлатӣ дар Туркия талош варзид, як қисмати ночизи артиши Туркия мебошад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...