Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳамлаи ғоратгарона дар пойтахтро, ки ахири моҳи май содир шуда буд, дастгир карданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 май ба 1-уми июни соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш, аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба воситаи автомашинаи тамғаи “Ренҷровер” аз қафои автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”- и рафиқаш онҳоро думболагирӣ намудаанд.
«Дар назди тарабхонаи “Шаҳрисабз”, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе онҳоро боздошт намуда, сипас, бо истифодаи силоҳи сард (корд) таҳдид карда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо 600-доллари амрикоӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.





