Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қатораи дизелӣ мехарад

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қатораи дизелӣ хариданист, ки ба сифати қатораи мусофиркаш дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва наздишаҳрӣ истифода мешавад. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қатора ояндаи наздик харидорӣ шуда, барои мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, ки моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қатораи дизелӣ хариданист, ки ба сифати қатораи мусофиркаш дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва наздишаҳрӣ истифода мешавад.

Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қатора ояндаи наздик харидорӣ шуда, барои мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, ки моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, истифода шуда метавонад.

Таъкид шуд, ки ҳамчунин дастрасии тепловози тамғаи Evolution низ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурӣ оварда мешавад. «Бо харидории воситаҳои зикршуда шароити мусофиркашонӣ беҳтар хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон айни замон техникаву таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт (парк)-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 70 вагонҳои боркаш, 421 вагонҳои мусофиркаш ва ҳамчунин 53 тепловоз иборат аст.

Қатораи дизелӣ яке аз шаклҳои ҳайати қатораҳои муҳаррикии дизелӣ буда, аз муҳаррикҳои дизелӣ энергия мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио