Қарзро чӣ тавр бояд гирифт?
Маводи чопшудаи ҳафтаи сипаригашта ба муҳимияти таърихи қарзии мусбат бахшида шуда буд. Дар мақолаи имрӯза мо дар бораи тарзи дурусти гирифтани қарз сухан меронем.
Дар ёд доштани қоидае, ки аз иштибоҳҳои зиёд ҳангоми қарз гирифтан пешгирӣ мекунад, зарур аст. Муҳимаш на ин ки қарз гирифтан, балки дуруст қарз гирифтан аст.
Пеш аз ҳама ба суоли худ ҷавоб гӯед. Оё Шумо дар ҳақиқат ба қарз ниёз доред? Агар ба ин савол ҷавоби мусбат додед, он гоҳ бо аъзоёни оила маслиҳат карда, розигии онҳоро бояд ба даст оваред. Баъдан барои гирифтани қарз омода бояд шуд.
Пеш аз ҳама Шумо бояд:
1. Ҳисобот гузаронида маблағи лозимаро муайян намоед;
2. Шартҳои гирифтани қарзро дар бонкҳо омӯхта, онҳоро муқоиса кунед;
3. Ба андозаи меъёри фоизӣ, дигар пардохтҳо ва инчунин муҷозоти ҷаримавӣ барои сари вақт напардохтани маблағ диққат диҳед;
Пас аз аниқ намудани ҳамаи шарту шароит, муқоиса ва интихоби бонки муносиб ба Шумо бо шартҳои шартномаи қарзӣ ва замимаҳои он бо диққат шинос шудан лозим аст.
Дар хотир доред!
То шартномаро пурра хонда набароед ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб нагиред, ба ҳуҷҷат имзо нагузоред!
Мутаасифона, аксар вақт одамон шартҳои созишномаи қарзиро нахонда ва пурра бо он шинос нашуда,-имзо мегузоранд. Ин ҳол метавонад дар оянда нофаҳмиҳоро ба миён оварад, зеро баъд аз ба имзо расонидани шартнома муносибати бонку мизоҷ дар асоси созишномаи қарзӣ ба амал меояд.
Қайд намудан зарур аст, ки пас аз имзои созишномаи қарзӣ, Шумо танҳо дар сурати нагирифтани пул аз хазина ва ё ба суратҳисобатон, метавонед аз иҷрои шартномаи қарзӣ даст кашед.
Пас аз гирифтани қарз, Шумо қоидаҳои оддиро барои ҳалли масъалаҳо бояд қатъӣ риоя намоед.
Якум. Пардохтҳоро сари вақт иҷро намоед. Дер кардан ва ба таъхир андохтани пардохтҳои қарзӣ мумкин нест. Ин ба ҷарима ва манфӣ гардидани таърихи қарзии Шумо оварда мерасонад.
Дуюм. Пардохтҳоро тариқи хазинаи бонк гузаронида, расид (квитансия)-ро нигоҳ доред.
Сеюм. Дар сурати ягон масъала ва ё баҳс пайдо шудан, ба бонк барои ҳалли ин кор, ба таври хаттӣ муроҷиат намоед.
Ба инҳо роҳ надиҳед:
1) Гирифтани қарз барои шахси дигар.
2) Ба шахси дигар интиқол додани қарз (ё қисми он).
3) Пешниҳод намудани иттиллооти бардурӯғ дар бораи худ ва фаъолияти худ ба кормандони бонк.
Риояи қоидаҳои дар боло зикргардида барои интихоби дуруст ва гирифтани қарз ба Шумо кӯмак мекунад. Ин хатари вазъиятҳои душворро бо сабаби нодуруст гирифтани қарз ва нофаҳмиҳоро дар ҳамкорӣ бо бонк пешгирӣ мекунад.
Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.





