Олимпичиёни тоҷик 28 июл ба Рио раҳсипор мешаванд

Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ,  маросими гусели варзишгарон 28 июл соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, […]



Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар мекунад.

Бино ба

маълумоти дафтари матбуоти

Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ,  маросими гусели варзишгарон 28 июл соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, собиқадорон ва ҳаводорони варзиш ширкат кунанд.

Умуман, ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд.

Варзишгарони тоҷик дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ, дувумин Бозиҳои олимпӣ баъди Олимпиадаи соли 1968 дар Мехико дар Америкаи Лотинӣ ва нахустин Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 2000-ум дар нимкураи ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин Олимпиада шумораи маҷмӯи медалҳо (301) ва теъдоди кишварҳои ширкаткунанда (206) рекордист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.