Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз ҳамин рӯз реҷаи пурзӯри адои хизмат муқаррар шуд, ки ба санаи 9 сентябр ҷашн гирифтани 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар марбут аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин робита дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва марзи давлатии кишвар ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшида мешавад.
«Аз 20 август то 15 сентябри соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра бе реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз имрӯз кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон қисман дар ҳолати реҷаи пурзӯри адои хизмат қарор хоҳанд дошт.
Акс аз sputnik-tj.com





