Нимаи дуюми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷакарта дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия “Калибата” гулчанбар гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.
Гуфта мешавад, оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия “Калибата” дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.





