Боздошти сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони қатли ҳамсояаш



Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштор сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ ба сари ҳамсояаш як маротиба задааст.

«Бар асари ин зарба ҳамсояаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе А.Б, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дуздӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Н.Ш., зани 28-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ба қатл расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное