Шиносоии сарвари давлат бо рафти корҳои ободонӣ дар бӯстонсарои Пуғус

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғуси ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони бинои баландошёнаи муосирро, ки бо тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд мегардад, мушоҳида кард. Зимни шиносоӣ Президенти […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғуси ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони бинои баландошёнаи муосирро, ки бо тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд мегардад, мушоҳида кард.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён, меъморон ва устоҳои гулдаст барои дар сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар вақти бунёди иншооти мазкур ба масъалаи бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам ойина оро додани бино диққати махсус дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки ин бинои боҳашамат барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва қабули меҳмонони воломақом, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ истифода карда мешавад.

Бо шарофати истиқлолияту ваҳдати пойдор ва сиёсати неку созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардид. Барои пазироии самимии меҳмонони воломақом бошад, бо дастури Сарвари давлат иншооти гуногуни хизматрасонӣ инъикоскунандаи санъати баланди меъмории миллӣ, фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷикон, аз ҷумла меҳмонхона, бӯстонсаро, чойхонаҳои миллӣ ва дигар биноҳои хуштарҳ бунёд карда шуд.

Бӯстонсарои Пуғус, ки борҳо макони баргузории ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ гардидааст, бо ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як макони дилфиребу хушманзар табдил ёфтааст.

Иморатҳои хуштарҳи бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, гулгаштҳои зебо ва аз ҳама асос боду ҳавои фораму дарёи софи Варзоб ба ин макон ҳусни тоза зам кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио