Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» моҳи сентябри соли равон корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ ба истифода дода мешавад, ки аз ҷониби ширкати «ХЭЛИ»-и Чин сохта мешавад. Бино ба иттилои намояндагони ширкати номбурдаи Чин, айни замон корҳои сохтмон дар арафаи анҷормёбӣ қарор дошта, мавриди бахрабрадорӣ қарор гирифтани корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-умин […]

ASIA-Plus



Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» моҳи сентябри соли равон корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ ба истифода дода мешавад, ки аз ҷониби ширкати «ХЭЛИ»-и Чин сохта мешавад.

Бино ба иттилои намояндагони ширкати номбурдаи Чин, айни замон корҳои сохтмон дар арафаи анҷормёбӣ қарор дошта, мавриди бахрабрадорӣ қарор гирифтани корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки иқтидори лоиҳавии корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» коркарди 1,2 млн. тонна маҳслуоти нафтӣ дар як солро ташкил дода, дар марҳилаи аввали дар корхона 500 ҳазор тонна нафт коркард мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввал 200 нафар бо ҷойҳои корӣ дар корхона таъмин шуда, дар марҳилаи дуюм шумори коргарон то ба 500 нафар мерасад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа – беш аз 80 млн. доллари ИМА ва барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа – беш аз 300-500 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.