Дар доираи сафари раҳбарияти Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Душанбе рӯзҳои 3-5 август дидору гуфтушуниди онҳо бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён доир гардид.
Қаблан Шӯрои Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) барои дастгирии буҷети Тоҷикистон қарз дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид, ки бо ду қисмат интиқол ёфта, қисмати аввал ба маблағи 20 млн. доллари ИМА ахири моҳи август – даҳаи аввали моҳи сентябр дастрас мешавад.
Роҳбари БАОР қайд кардааст, ки қарзи молиявӣ яке аз воситахои муҳими дастгирии ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аст.
Дар ин дидору гуфтушунидҳо ҳамчунин масъалаи таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак баррасӣ ва қайд шудааст, ки барои комилан таъмиру азнавсозии иншооти мазкур 600 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Айни замон барои ҷалби сармоя ба ин мақсад бо ниҳодҳои молии байнулмилалии гуногун, аз ҷумла БАОР низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.




