Дуздии сейф бо пулу ҷавоҳирот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Шахсони номаълум нимашаби шаби 6 август бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддини шоҳин (собиқ Шӯрообод) ворид шуда, аз он ҷо як адад сейфи оҳанини дорои 80 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоии арзишаш 7 ҳазору 200 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми доир намудани […]

ASIA-Plus



Шахсони номаълум нимашаби шаби 6 август бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддини шоҳин (собиқ Шӯрообод) ворид шуда, аз он ҷо як адад сейфи оҳанини дорои 80 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоии арзишаш 7 ҳазору 200 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин дастгир гардидааст.

Ғайр аз ин, рӯзҳои истироҳати гузашта боз як ҳодисаи дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 5 август шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи зани 41-солаи сокини ноҳияи Спитамен шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар гумонбарӣ ба дуздии моликияти шахсӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ноболиғ: як нафар 16 ва ду нафар 17-сола дастгир карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.