Гази моеъ дар Душанбе 16% қимат шуд

Баъди аз аввали моҳи июли соли равон дар Қазоқистон боло рафтани нархи гази моеъ, арзиши он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 16% афзуд. Айни замон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 3,2 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл арзиши  ин навъи сӯзишворӣ ба 2,8 […]

Пайрав Чоршанбиев


Баъди аз аввали моҳи июли соли равон дар Қазоқистон боло рафтани нархи гази моеъ, арзиши он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 16% афзуд.

Айни замон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 3,2 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл арзиши  ин навъи сӯзишворӣ ба 2,8 сомонӣ баробар буд.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Қазоқистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон

аз эҳтимол дур надониста буд.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоштанд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон 

нархи онро беш аз 2 баробар

 боло бурд.

Бино ба 

иттилои

 хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио