Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо КМВА «Помир» мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи сеюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.
Гуфта мешавад, бозиҳои дигари ин давр тариқи зайл анҷом пазируфтанд: «Барқчӣ» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2; «Ҳосилот» (н. Фархор) – «Хайр» (Ваҳдат) – 6:0, «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – 2:1 ва «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» – 1:1.
Пас аз18 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
1 |
Истиқлол |
11 |
8 |
3 |
0 |
31-11 |
27 |
|
2 |
Ҳосилот |
11 |
5 |
4 |
2 |
20-11 |
19 |
|
3 |
Регар-ТадАЗ |
11 |
5 |
2 |
4 |
23-14 |
17 |
|
4 |
КМВА Помир |
11 |
5 |
2 |
4 |
14-9 |
17 |
|
5 |
Барқчӣ |
10 |
5 |
2 |
3 |
16-15 |
17 |
|
6 |
Вахш |
11 |
5 |
2 |
4 |
18-21 |
17 |
|
7 |
Хуҷанд |
11 |
5 |
1 |
5 |
12-18 |
16 |
|
8 |
Хайр |
10 |
3 |
4 |
3 |
14-13 |
13 |
|
9 |
Парвоз |
11 |
1 |
2 |
8 |
8-21 |
5 |
|
10 |
Равшан |
11 |
0 |
2 |
9 |
9-33 |
2 |
Нишонзанҳои беҳтарин:
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/»Ҳосилот» – 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») ва Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 6 тӯбӣ.





