Ҳалокати 2 кӯҳнаварди Русия зимни фатҳи қуллаи Сомонӣ

Зимни фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ду кӯҳнаварди Русия – раиси клуби кӯҳнавардии МАИ Михаил Волков ва Наталя Светова ба ҳалокат расидаанд. Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи кӯҳнавардии Русия, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 14 август дар теғаи қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм, 7495 метр) рух дода, дар баландии 6800 метр аз сатҳи баҳр […]

Asia--Plus



Зимни фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ду кӯҳнаварди Русия – раиси клуби кӯҳнавардии МАИ Михаил Волков ва Наталя Светова ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба

маълумоти

сомонаи Федератсияи кӯҳнавардии Русия, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 14 август дар теғаи қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм, 7495 метр) рух дода, дар баландии 6800 метр аз сатҳи баҳр гурӯҳи кӯҳнавардони иборат аз 3 нафар зери тарма мондаанд.

Аз ин ҳодиса мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия огоҳ карда шуда, аз шумори ихтиёриён гурӯҳи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин санаи 16 август тариқи чархбол макони тарамфароӣ низ аз назар гузаронида шуда, вале дарёфти осори фавтидагон муяссар нашудааст. Бо қарори гурӯҳ ва наздикони фавтидагон ба тадбирҳои ҷустуҷӯ хотима бахшида шудааст.

Федератсияи кӯҳнавардии Русия ба ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон изҳор карданд, ки аз ин ҳодиса огаҳӣ надоранд. Котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфова тариқи телефон ба «Азия-Плюс» гуфт, «ин далел дар КҲФ ба қайд гирифта нашуда, мо аз он ҳеҷ огаҳие надорем».

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Сталин, қуллаи Коммунизм) қуллаи баландтарини Тоҷикистон ва нуқтаи баландтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (7495 метр) мебошад, ки 1440 метр аз Эверест пасттар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.