Имкони афви зани ба қатли оилаи Бобоевҳо дастдошта

Сарвиноз Раҳматова, ки аввали сол ба иттиҳоми даст доштан дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, метавонад мутобиқи қонуни афв ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба озодӣ барояд. Зимни баррасии лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи афв» дар палатаи поёнии парлумон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои […]

Аваз Юлдошев



Сарвиноз Раҳматова, ки аввали сол ба иттиҳоми даст доштан дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, метавонад мутобиқи қонуни афв ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба озодӣ барояд.

Зимни баррасии лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи афв» дар палатаи поёнии парлумон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ генерал-лейтенант Иззатулло Шарифов дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи бандҳои қонуни амалкунанда С.Раҳматова мавриди авф қарор мегирад.

Дар мавриди ин масъала Иззатулло Шарифов пешниҳод кард, ки ба лоиҳаи қонуни нав тағйирот ворид карда шавад, то ки минбаъд ба афви занони чунин ҷиноятҳои вазнин содиркарда имкон дода нашавад.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ваъда дод, ки ин пешниҳод баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон ҳафт тан аз аъзои оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов барои гунаҳкорӣ

дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо

аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.