Автомашинаи «Дулан» ба ҷарии 150-метра сарозер рафт

Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 26 август, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт […]

Asia--Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 26 август, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 100-150 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири ӯ марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 28 август тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат ба самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири  автомашина марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.