Русия кишвари аз ҳама нобаробартарин аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ

Ширкати таҳлилии New World Wealth ба чунин хулоса расидааст, ки миёни кишварҳои дорои иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон, Русия кишвари аз ҳама нобаробартарин аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ мебошад. Ба иттилои ин манбаъ, 62%-и боигариҳои миллии Русия дар дастони миилионерҳои долларӣ мутамарказ шуда, ба ҳиссаи миллиардерон 26% боигариҳои ин кишвар рост меояд. Дар ин феҳрист зинаи дуюмро […]

Asia-Plus

Ширкати таҳлилии New World Wealth ба чунин хулоса расидааст, ки миёни кишварҳои дорои иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон, Русия кишвари аз ҳама нобаробартарин аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ мебошад.

Ба иттилои ин манбаъ, 62%-и боигариҳои миллии Русия дар дастони миилионерҳои долларӣ мутамарказ шуда, ба ҳиссаи миллиардерон 26% боигариҳои ин кишвар рост меояд. Дар ин феҳрист зинаи дуюмро пас аз Русия Ҳиндустон ишғол мекунад, ки 54%-и боигариҳои миллӣ ба миллионерҳо мансуб аст.

«Дар сурати ба миллионерҳо тааллуқ доштани беш аз нисфи дороиҳо, шароити ба вуҷуд омадани синфи миёна хеле маҳдуд мешавад», – менависад New World Wealth.

Гуфта мешавад, кишвари дорои иқтисоди сеюм дар ҷаҳон – Ҷопон аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ аз ҳама баробартарин аст ва ба ҳиссаи миллионерҳо дар ин кишвар ҳамагӣ 22%-и дороиҳои миллӣ рост меояд.

Дар ИМА ин нишондиҳанда каме бештар аз 30%-ро ташкил додааст, ки ба андешаи муаллифони таҳқиқот, «натиҷаи ғайримунтазираи начандон бад аст». Дар маъракаи интихоботи президентии ҳозира дар ИМА масъалаи нобаробарии даромадҳо яке аз масоили муҳиму рӯзмарра ба шумор меравад.

Вазъи миёнаи шаҳрванди амрикоӣ 151 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Монако ин рақам то ба 1 млн. 600 ҳазор мерасад. Аз 40 ҳазор шаҳрванди Монако беш аз 5%-ашон беш аз 10 млн. доллар дороиҳо доранд.

Дар акс Алишер Усмонов (аз чап) ва Олег Дерипаска, ки аз онҳо чун шахсони доротарини Русия ном мебаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.