Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи саноатии нав дар Ёвон оғоз бахшид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани се корхонаи саноатӣ иштирок кард. Ин корхонаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти “Корхонаи алюминии тоҷик” сохта шудаанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар корхонаи навбунёд ҳамасола 12 ҳазор тонна криолит,18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани се корхонаи саноатӣ иштирок кард. Ин корхонаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти “Корхонаи алюминии тоҷик” сохта шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар корхонаи навбунёд ҳамасола 12 ҳазор тонна криолит,18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат истеҳсол мегардад. Ҳамчунин дар корхонаи мазкур ба таври иловагӣ таввасути дастгоҳҳои эҳтиётӣ истеҳсоли криолит дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна ва фториди алюминий дар ҳаҷми 27 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, 80%-и маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшуда барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти “Ширкати алюминии тоҷик” равона гардида, боқмионад ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Се коргоҳи бузурги як корхонаи азими саноатӣ, ки дар онҳо истеҳсоли нодиртарин маҳсулоти зарурӣ барои саноати алюминий амалӣ мешавад баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ҷойи кории доимӣ барои зиёда аз 800 нафар гардида дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва афзун намудани қудрати содиротии мамлакат нақши бузург мегузорад.

Барои фаъолияти муназзами ин корхонаи азим ангиштсанг истифода мегардад, ки истихроҷ ва дастрас кардани он аз Кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Ширкати Талко-Ресурс анҷом дода мешавад.

Баъди ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминии фтордор, содаи каустикӣ ва кислотаи сулфат дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё” Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ доир намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.