Боздошти гумонбарони қатли ҷавонзан дар Бохтар

Аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200-метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 3 сентябр ҷасади зани шахсияташ номаълум, миллаташ маҳаллӣ, тахминан 25-30-сола, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз тарафи қисмати рости бадан бо 6 захми халандаю буранда дарёфт гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД […]

Asia-Plus

Аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200-метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 3 сентябр ҷасади зани шахсияташ номаълум, миллаташ маҳаллӣ, тахминан 25-30-сола, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз тарафи қисмати рости бадан бо 6 захми халандаю буранда дарёфт гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, барои муайян намудани шахсияти ҷасад ва дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар ноҳияи Бохтар ва мақомоти прокуратура гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, баъди як рӯз кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон муайян намуданд, ки ин ҷасади зани 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ду нафар ҷавон: сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппа ва сокини 22-солаи ноҳияи Бохтар, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, муайян ва дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.