Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқчии навбатӣ кушта шуд

Date:

Дар яке аз минтақаи зертобеъи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби сарҳадбонон пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба корманди маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, 5 сентябр гурӯҳи номаълуми қочоқчиёни мусаллаҳи афғон иборат аз 5 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз тарафи сарҳадбонон ба мушоҳида расид. Қочоқчиён ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Гуфта мешавад, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуд. Боқимонда ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 39 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7,62 сохти хориҷӣ, 146 дона тири қутраш 7,62 бо 5 адад тирдон, 1 адад телефонии мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...