Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи даргузашти се нафар зойирини тоҷик дар Макка хабар дод.
Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, тайи чор рӯзи гузашта Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷон додаанд.
Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Нафари севум Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.
Ҷасади онҳо дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурда шудааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин – ниҳоди масъули сафари ҳоҷиёни тоҷик – рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ аз Макка гуфтааст, эҳтимол гармии ҳаво бархе аз ҳоҷиёни тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор дода, шиддати фишор ва дарди қалбашонро бештар кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар канори онки зиёрати Ҳаҷ яке аз фаризаҳои ҳатмии фарди мусулмон аст, аммо ҳамзамон ҷон додан дар Хонаи Худоро мусулмонон барои худ шарафу мартабаи баланд медонанд.


