Раҳпаймоии пуршукӯҳ дар Хуҷанд ба ифтихори ҷашни Истиқлолият

Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад. […]

Asia-Plus

Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Шоми ҳамин рӯз баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки “Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.