Президент ба сохтмони бинои асосии ДДХ ҳусни оғоз бахшид

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин бино имкон аст, ки 5000 донишҷӯ […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин бино имкон аст, ки 5000 донишҷӯ дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронсӯҳо, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, ошхона ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ ҷойгир гардида, 7 факулта чой дода мешаванд.

Ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазору дусад нафар ҷойи нишаст бунёд хоҳад гашт. Дар асоси лоиҳаи теҳрезишуда масоҳати бинои сохтамешуда як гектарро ташкил дода муҳлати сохтмони он аз 3 то 5 сол ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон  дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Аз ҷониби Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки то имрӯз аз надоштани ҷои зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд ру ба ру буданд манзили зист туҳфа карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.