Даъвати бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ поймол накардани ҳуқуқи инсон

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукуматдорони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароии ҷанганда ба қурбонии риояи ҳуқуқи инсон роҳ надиҳанд. Дар мусоҳиба ба Радиои СММ намояндаи Барномаи рушди СММ дар Истамбул Растислав Врбенский дар ин робита изҳор намудааст, ки барои поймол кардани ҳуқуқи инсон ба сифати баҳона […]

Asia-Plus

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукуматдорони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароии ҷанганда ба қурбонии риояи ҳуқуқи инсон роҳ надиҳанд.

Дар мусоҳиба ба Радиои СММ намояндаи Барномаи рушди СММ дар Истамбул Растислав Врбенский дар ин робита изҳор намудааст, ки барои поймол кардани ҳуқуқи инсон ба сифати баҳона аз мубориза бо тундгаройи истифода нашавад.

Ӯ қайд кардааст, ки Дабири куллии СММ ва дигар намояндагони СММ – Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи башар, раҳбарияти Маркази дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, ки ба муқовимат бо терроризм машғул аст, низ аз чунин мавқеъ ҷонибдорӣ мекунанд.

«Мо бар ин назарем, ки яке аз сабабҳои ба тундгаройӣ гаравидани ҷавонон дар минтақа мавҷуд набудани имконоти иқтисодӣ ва сарбастагии иҷтимоӣ аст ва дар доираи ваколатҳои худ талош дорем, ки барои аҳолӣ як «фазо»-и сиёсие барпо намоем, то ки ҷомеаро бештар фарогир бошад ва ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба сафҳои ифротгароён мусоидат намояд», – зикр кардааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали муттаҳид, ки 13 сентябр дар Женева ба кор шурӯъ кард, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Иҷлосия то 30 сентябр идома меёбад.

Аз Вазорати адлияи ҶТ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия тавсияҳое, ки Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар мавриди беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи башар қабул карда буд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки 6 майи соли равон ҳайати Тоҷикистон дар Женева ба аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Гузориши даврии универсалии риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳуриро дар давраи 5 сол – аз соли 2010 то соли 2015 пешниҳод кард. Дар посух ба маърӯзаи вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод, аъзои Шӯро Тоҷикистонро ба талоши бештар баҳри беҳбуди вазъ бо риояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва аз байн бурдани шиканҷа даъват карданд.

Дар сомонаи СММ аз кирдори бераҳмона бо маҳкумшудагон, ҳуқуқи занон, маъюбон, аққалиятҳои ҷинсӣ ва вазъи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ хабар дода шуда буд, ки ин рӯйхати нопурраи масоили ба унвони Тоҷикистон садодода зимни баррасии гузориши даврии ин кишвар буд. Аз 203 тавсия ҳайати Тоҷикистон 119-тоашро пазируфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.