Ҳалокати 3 нафар бар асари зери сангфароӣ мондани автомашина

Дар километри 231-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар  ҳудуди деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 14 сентябр аз кӯҳҳо сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи «Хундай-Галопер», таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, ки аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрда, автомашина ба чуқурии 250 метр чаппа шудааст. Дафтари матбуоти ВКД дар […]

Asia-Plus

Дар километри 231-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар  ҳудуди деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 14 сентябр аз кӯҳҳо сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи «Хундай-Галопер», таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, ки аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрда, автомашина ба чуқурии 250 метр чаппа шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД дар шарҳи ин маълумот менависад, дар натиҷа мусофирони автомашина – марди 30-сола, зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ва зани 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда ва мусофирони дигари автомашина, занони 19 ва 22-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  “КАМАЗ”, марди 20-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳии “Чордара”-и ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 150-метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.