Тавассути интернет мақомоти Тоҷикистон 8 амали террористиро пешгирӣ карданд

Date:

Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасанов дар конфронси «Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм» (7-8 сентябр, Сараево) изҳор намудааст, ки бо пайгирӣ аз шабакаи интернет ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муяссар шудааст, ки як силсила амалҳои террористӣ дар кишварро пешгирӣ намоянд.

Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки шабакаи интернетро набояд бидуни назорат гузошт, вале назорат бояд бар асоси қонунгузорӣ амалӣ гардад.

«Мо набояд ба поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла озодии баён ва гуфтугӯи шахсӣ роҳ диҳем, вале зарур медонем, ки дар Тоҷикистон пеш аз ҳама риояи ҳуқуқи асосии аз ҷониби СММ эълоншуда, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт риоя шавад. Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки дар кишвари начандон бузрги мо, ки 8,5 млн. нафар аҳолӣ дорад, аз оғози сол маҳз ба туфайли назорати гуфтугӯву суҳбатҳо дар интернет аз 8 амали террористӣ пешгирӣ шуд ва агар ин назорати бидуни шубҳа дар доираи қонунгузорӣ суратгирифта намебуд, ин амалҳои террористӣ шояд содир мешуданд», – гуфтааст ӯ.

Номбурда рӯшанӣ андохтааст, ки аз амалҳои террористӣ ба воситаи омӯзиши маводи гуногун дар интернет, пайгирии суҳбату гуфтугӯҳо, аз ҷумла тариқи вайбер ва дигар мессенҷерҳо пешгирӣ шудааст.

«Минбаъд шахсияти гумонбаршудагон, ки дар бораи имкони содир кардани амалҳои террористӣ суҳбат мекарданд, муайян карда шуда, аз онҳо миқдори муайяни маводи таркандаи барои ин амалҳо таъиншуда мусодира шуд», – зир кардааст А.Абдулҳасанов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...