Ҳуҷуми маргбор ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар дараи Камароб

Date:

Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, шаш сол пур мешавад.

Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки дар доираи амалиёти боздошту безарар гардонидани маҳбусони рӯзи 23-юми август аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ фирорнамуда қатори автомашинаҳо бо 75 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукуматӣ ба водии Рашт раҳсипор шуда, дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов,  Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.

Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд. Баъдтар Мирзохӯҷа Аҳмадов бо 11 нафар ҳаммаслакони худ ихтиёрӣ ба Раёсати ВКД Рашт ҳозир шуда, як миқдор аслиҳаи оташфишони худро таслим  ва ба сафи ҷонибдорони ҳукумат пайвастанд.

То моҳи ноябри соли 2011 нисбати 28 тан аз сокинони водии Рашт, ки дар кумаку мусоидат ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар рӯйдодҳои соли 2010 дар водии Рашт гунаҳкор дониста шуданд, ҳукм содир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...